Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Абхазия ба Русия интиқол шуданд
Хадамоти амниятии Абхазия аз боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар узвият ба гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон 8 июн дар ҷараёни як амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо “барои идомаи корҳои тафтишотӣ” ба ҷониби Русия таслим шудаанд.