Муноқишаи ду соҳибкори чинӣ дар Душанбе бо марг анҷомид
Як соҳибкори чинӣ дар шаҳри Душанбе аз дасти ҳамватани худ кушта шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шаби 4 июн дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои ин ниҳод, соҳибкорони чинӣ -- Чен Бини 34-сола ва Ю Чен Чени 21-сола дар манзили иҷораи дувумӣ, шабнишинӣ доир намуда, машрубот нушидаанд. Чен Бин аз мастии ҳамватани худ истифода намуда, “бо корд чан маротиба ӯро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”.
Ю Чен Чен дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД мегӯяд, Чен Бин нисбати Ю Чен Чен хусумати шахсӣ доштааст ва мақсади ба қатл расонидани ӯро пешакӣ тарҳрезӣ карда будааст: “Гумонбаршуда қаблан барои қатли ӯ омодагӣ дида, бо кор мусаллаҳ шуда буд”.
Манбаъ меафзояд, ҳоло гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ бо моддаи 104-и Кдекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаааст.
Дар акс Чен Бин