Инфиҷор дар назди Сафорати Амрико дар Украина
Мақомоти Украина аз як таркиш дар ҳудуди сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Киев хабар медиҳад.
Бино ба иттилои пулис, таркиш дар бинои сафорати Амрико дар ноҳияи Шевченкои пойтахти Украина наздикиҳои нимишабӣ рух додааст. Манбаъ мегӯяд, таркиш талафоте дар пай надоштааст.
“Муфаттишон ошкор карданд, ки шахси номаълум як дастгоҳи мушаххаснашудаи таркандаро ба дохили сафорат партофтааст", - гуфта мешавад дар изҳороти раёсати умури дохилии Киев.
Ҷефф Анисман, пресс-атташеи сафорати ИМА ба РБК гуфтааст, дар пайи ин таркиш касе осеб надидааст: "Сафорат тибқи меъёри маъмул кор мекунад. Ҳоло мо ин амалро ҳодисаи террористӣ намешуморем"