Шиноснома надорӣ? Дари марказҳои дилхушӣ ба рӯят баста аст!
Шахсони болиғ аз ин ба баъд танҳо бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият шабона иҷозаи вуруд ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳоро хоҳанд дошт. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе қароре имзо кардааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, дар қарори Рустами Эмомалӣ таҳти №321 таъкид шудааст, марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо бояд дар ин бора “дар ҷойҳои намоён” эълон насб кунанд. Манбаъ мегӯяд, шабона воридшавию будубоши ноболиғон ва ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ шудааст. Дар зимн дастур шудааст, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешад: “Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, “Паёми Душанбе” ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидаткунанда, ташкили ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бо мақсади самаранок сипарӣ гардидани вақти холии онҳо тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд”.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, рафти иҷрои қарори мазкурро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ҳар нимсола ба раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.