Стратег ба вазир: Корманди ВКД 300 сомонӣ пора хост
Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мегӯяд, корманди Вазорати умури дохилӣ барои додани як маълумотнома аз ӯ 300 сомонӣ пора хостааст.
Маҳдӣ Собир имрӯз, 8-уми июн бо нашри як муроҷиатнома ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “дирӯз бояд барои 2 фарзандам маълумотномаи Маркази ахборотии ВКД-ро мегирифтам... Ба ман яке аз кормандони ин ниҳод гуфт, ки ҳоло мо бояд 10 ҳазор нафарро аз тафтиш гузаронем. Баъди 20 рӯз навбати Шумо мерасад. Агар хоҳед, ки коратон дар 1 рӯз ҳал шавад 300 сомонӣ дихед. Пагоҳ омада маълумотномаҳоро гиред”.
Таҳлилгари тоҷик бо изҳори нороҳатӣ аз ин бархӯрд таъкид намудааст, ки чунин муносибот нобоварии мардумро ба милиса дар пай дорад.
Маҳдӣ Собир дар пайи баёни қазия изҳори умед кардааст, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон фаъолияти корманди ин ниҳодро таҳти назорати қатъӣ мегирад.