Дар ин бора сомонаи globus-news.net ба санаи 16-уми декабри 2011 матлабе омода карда, дар давоми он навиштааст: «Ин маросим пайравони мазҳаби ҳанафияро, ки аксари сокинони кишварро ташкил медиҳанд ва фазои ягонаи динӣ доранд, нороҳат сохт. Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар нисбати ин амал аксуламали сареи худро нишон дод. Ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна эътирозу сар задани низоъҳо дар ҷомеа баёнияеро нашр намуд, ки дар он рафтори бародарон Тӯраҷонзодаҳо мавриди интиқод қарор гирифт.Чун анъана Акбари Тӯраҷонзода баёнияро «иттиҳомнома» арзёбӣ карда, маросими таҷлилгардидаро пурра такзиб кард. Рӯзи ҷумъа, 9-уми декабри соли равон, вақте ашхоси расмӣ ба масҷиди «Муҳаммадия» барои гузоридани намози ҷумъа ва шинос намудани ҳозирин бо қарори Шӯро ҳозир шуданд, бо ташаббуси бародарон Тӯраҷонзодаҳо хуш пазируфта нашуданд. Дар баробари сару садоҳои бемаврид, ҳозирини масҷид дар ҳаққи ташрифбурдагон ҳарфҳои носазоро низ раво донистанд».
Ин сомона менависад, эшони Нуриддинҷон ва Акбари Тураҷонзода ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат даъват гардида, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Бародарон бояд бигўянд, ки барои чӣ ба ходимони давлатӣ ҳангоми ташрифашон ба масҷиди «Муҳаммадия» монеа эҷод карданд, нагузоштанд, ки қарзи хизматии худро ба анҷом расонанд, чаро ба таҳқири онҳо ва таҳрики гирдомадагон роҳ доданд? А.Тураҷонзода ба саволҳои додситон ҷавоб дода, изҳори таассуф кард, ки худ ва бародараш эшони Нуриддин муҷиби ихтилоф ва тафриқа дар ҷомеа шудаанд. Тавре А.Тураҷонзода қайд кард, бо интишори анъанаҳои ба мазҳаби суннатӣ бегона, кишварро бо бародаронаш ноором сохтанд. Барои беэҳтиромию гуфтани ҳарфҳои носазо нисбат ба намояндагони ниҳодҳои расмӣ Тўраҷонзода узрхоҳӣ намуд»
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин иттилоъро бепоя хонда ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, банда ва бародарам эшони Нуриддинҷон ҳеч гуноҳе содир накардаем, ки аз мақомот ва ҷомеаъ узр бипурсем: «Воқеан моро ба додситонии шаҳри Ваҳдат барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Он ҷо ман бори дигар ҳам гуфтам, ки дар масҷиди «Муҳаммадия» маросими «Ошӯро» сурат нагирифтааст ва он чизе, ки рӯзи 2-юми декабр иттифоқ афтод, маросиме буд бо номи ёдбуди қатли набераи паёмбарамон –Имом Ҳусайн. Ин маросимро хонаводаи мо 50 сол боз баргузор мекунад, ҳатто замони қозигиям дар Тоҷикистон аз ин сана ёд мекардем».
Манбаъ афзуд, алъон мо ҳам дар қиболи мақомот шикоят омода карда, тариқи вакили мудофеамон Бузургмеҳр Ёров ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои маркази исломӣ ва унвонии додситонии шаҳри Ваҳдат ва додситонии кулл аз болои масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол доштем.
Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.