Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳо ба Теҳронро “ҷинояти золимонаи террористон” номида, онро шадидан маҳкум кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ду ҳамлаи террористӣ ба пойтахти Эронро шадидан маҳкум кардааст.
Президенти Тоҷикистон дар як номаи таслият унвонии Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, “дар иртибот ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо таъзияву тассалияти амиқи хешро иброз менамоям”.
Дар идомаи ин нома, ки сомонаи расмии Президент нашр кард, омадааст: “Мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем. Ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем”.
Рӯзи гузашта (7 июн) тақрибан дар як вақт ба бинои парлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар шаҳри Теҳрон ҳамла сурат гирифт. Расонаҳои эронӣ теъдоди муҳоҷимин ба парлумонро 4 ва ба оромгоҳ 3 нафар гуфтаанд. Як ҳамлавар дар парлумон ва яке дар оромгоҳи Хумайнӣ худро мунфаҷир кардааст. Мақомоти Эрон аз боздошти ду ҳамлавар хабар додаанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” бар душ гирифтааст.
Ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ҳамлаҳо 12 нафар кушта шуда, наздики 40 кас захмӣ шудаанд.