Бонки исломӣ ба энергетикҳои тоҷик пули курсию компютерро дод
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн, созишномаи грантӣ бо Бонки исломии рушдро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он шароити кории масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об беҳтар карда мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, дар доираи созишнома ҷудо намудани 280 ҳазор доллари амрикоӣ дар назар аст. Ба гуфтаи ӯ бо ин маблағ аз ҷумла хариди компютерҳо, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти идоравӣ пешбинӣ шудааст. Вазири энергетика афзуд, гранти мазкур барои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳукумати электронӣ равона мегардад.