Рашт: Борони сел як куштаю як маҷруҳ барҷой гузошт
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, борони сели 6-уми июн дар минтақаи Рашт боиси марги як нафар гардид.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 6-уми июн, тахминан соати 15:50 дар километри 93-юми роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, бинобар сабаби боридани борони сел, сангпораҳо аз кӯҳ афтида, ба мошини “Мерседес-180” бархӯрдаанд: “Дар натиҷа “Мерседес”, ки таҳти идораи марди 59-солаи сокини ноҳияи Нуробод қарор доштааст, ба ҷарии баландиаш 70-метрӣ чаппа шудааст”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, дар пайи нохушӣ мусофири автомашинаи мазкур, марди 31-сола, сокини ноҳияи Нуробод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҳалок гардид: “Худи ронанда дар беморхона бистарӣ гардидааст”.