Сабукии навбатӣ барои меҳмонхонаи 5-ситорадори Дастгоҳ
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 низ меҳмонхонаи бунёдшавандаи 5-ситорадори Исмоили Сомониро аз пардохти боҷу андоз озод кард.
Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, соли равон молу масолеҳ барои бунёди ин меҳмонхона дар маркази Душанбе, бидуни пардохти боҷу андоз ворид карда шавад. Бар асоси ин манбаъ фармоишгари масолеҳ барои сохтмони меҳмонхонаи 5-ситорадор ҷамъияти саҳҳомии “Доллмарк Лтд” ва пудратчии асосии он “Алю Тара" мебошанд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки бар асоси номгӯйи тасдиқгардида барасмиятдарории гумрукии масолеҳро саривақт анҷом диҳад.
Меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази Душанбе қомат афрохтааст, ҳудуди 5 соли охир аз андозу боҷ озод гардид, аммо сохтмони он то ҳол пурра анҷом наёфтааст.
Қаблан дар расонаҳо иттилоъ нашр шуд, ки тибқи он фармоишгари сохтмони меҳмонхонаи бошукуҳи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, бо арзиши даҳҳо миллион сомонӣ Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат мебошад.