Дасти хайр: Ёрӣ диҳед, то Паймона соҳиби аробачаи маъюбӣ шавад
Як созмони хайрия барои дастрас намудани аробачаи маъюбӣ барои як духтарачаи 5-сола аз сокинони саховатманди кишвар дархости ёрӣ кардааст.
Маркази дастгирии оила -- “Умед” бо нашри аксҳои Паймонаи 5-cола дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ӯ воқеан ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад. Амина, як масъули ин марказ имрӯз, 5 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Паймона мубталои бемории “микротсефалия” буда, роҳ гашта наметавонад ва волидонаш барои тамрин ӯро рӯи даст бардошта, то маркази “Умед” мебаранд: “Мо ба манзили онҳо рафтем, дар ҳақиқат хонаводаашон фақиру бенаво ҳастанд ва тавони харидории аробачаро надоранд”.
Афроди саховатманд ва хайрхоҳ, ки хоҳиши кумак ба Паймонаро доранд, метавонанд бо ин шумораҳо тамос бигиранд: 901711234, 919028772.