Танҳо 9 дарсади русҳо Тоҷикистонро дӯсти Русия гуфтаанд
Як назарсанҷӣ нишон дода ки камтар аз 10 дарсади шаҳрвандони Русия Тоҷикистонро дӯсти ин кишвар медонанд.
Ин назарпурсиро Маркази таҳлилии “Левада-Сентр” моҳи майи соли равон миёни 1600 сокини аз 18-сола боло дар 48 минтақаи Русия анҷом додааст. 9 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки Тоҷикистонро дӯсти Русия медонанд. Ҳамин миқдор Узбакистону Озарбойҷонро кишварҳои дӯсти Русия номбар кардаанд. 46 дарсад Белорус, 39% Чин, 34% Қазоқистон, 15% Сурия, 14% Ҳиндустон, 11% Кубаро дӯсти Русия гуфтаанд.
Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин 54 дарсад гуфтаанд, дар равобити миёни Русия ва ИМА беҳбудие намебинанд. Танҳо 21 дарсад бар ин боваранд, ки муносибатҳои байни ин ду кишвар беҳтар гардидааст. 17 дарсад изҳор доштаанд, ки равобити Русия ва ИМА бадтар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, 53 дарсад гуфтаанд, дар равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо тағйироте сурат нагирифтааст. 14% ин муносибатҳоро беҳтар ва 21% онро сардтар гуфтаанд.