Маъмурияти Трамп хостори барқарор намудани фармони муҳоҷират шуд
Маъмурияти Доналд Трамп аз Додгоҳи олии ИМА хостааст, фармони манъи вуруди шаҳрвандони шаш кишвари мусулмоннишинро ба Амрико фавран барқарор кунад.
Маъмурият президенти ИМА гуфтааст, ин дархост бо сабабҳои амниятӣ сурат гирифтааст.
Вазорати адлияи ИМА рӯзи 1 июн ба Додгоҳи олии ин кишвар ариза пешниҳод карда, гуфтааст, Додгоҳи баррасии шикоятҳои Вирҷиния ҳангоми манъи иҷрои фармони Трамп чанд иштибоҳ кардааст.
Барои тасдиқи дархости маъмурият бояд на камтар аз 5 узви ҳайати 9-нафараи Додгоҳи олии ИМА ризоият диҳад.
Додрасҳои додгоҳи баррасии шикоятҳои Вирҷиния моҳи гузашта иҷрои фармони муҳоҷирати Трампро манъ карданд. Ин фармон, ки 6 март имзо шуд, вуруди ҳамаи паноҳандагон ва мусофирон аз Эрон, Лубнон, Яман, Сурия, Судон ва Сомалиро ба ИМА манъ мекард.