Маҳдудияти низоми раводид: Тоҷикистон дар ҷойи 83
Тоҷикистон дар раддабандии маҳдудияти низоми раводид миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми 83-ро касб кардааст. Ин рейтинг имрӯз, 2 июн аз ҷониби созмони тадқиқотии “Henley & Partners” нашр шуд.
Бар асоси ин раддабандӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доштаанд, бидуни раводид ба 54 кишвар сафар намоянд.
Ба иловаи Тоҷикистон Узбакистон, Кот-д’Ивур, Того ва Сенегал ҳам дар зинаи 83 қарор доранд.
Аз миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 67, Қирғизистон 78 ва Туркманистон дар зинаи 87-ум қарор гирифтаанд.
Садрнишини ин рейтинг Олмон аст, ки ба гуфтаи созмони “Henley & Partners” шаҳрвандонаш имкон доранд бидуни раводид ба 177 кишвар сафар кунанд. Шветсия дар ҷойи дуюм аст. Шаҳрвандони ин кишварро лозим нест барои рафтан ба 176 давлат раводид дарёфт кунанд. Дания, Финляндия, Италия, Испания ва ИМА дар ҷои сеюманд. Шаҳрвандон ин панҷ кишвар ҳаққи сафар ба 175 давлатро бидуни раводид доштаанд.
Дар зинаи охири раддабандӣ Сомалӣ, Сурия, Покистон, Ироқ ва Афғонистон қарор гирифтаанд.