Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Дар Душанбе хиёбоне ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кардааст, дар пойтахти кишвар ба хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд дода шавад.
Ҷаноби Абдуқаҳҳор ҳамчунин пешниҳод намуда, то муҷассамаи ин чеҳраи саршиноси тоҷикони Афғонистон ҳам дар Душанбе гузошта шавад. Ӯ 2 июн дар саҳифаи Фейсбукаш аз корбарони ин саҳифа иҷтимоӣ хостааст, ин пешниҳодҳоро бо як муроҷиати дастаҷаъмӣ унвонии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе бифиристанд. “Мо пешорӯи ҷашни бузурги ҳамдилию ҳамбастагӣ 20-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Ҳамагон хуб ёд дорем ва самимона миннатдорем, ки дар истиқрори сулҳи Тоҷикон нақши дӯст ва бародари азизи Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфи дунё, сипаҳсолори мумтоз, Аҳмадшоҳи Масъуд басо бузург аст”,-таъкид намудааст Абдуқодири Абдуқаҳҳор.
Ӯ дар идома менависад, аз шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалӣ дархост шавад, то ба хотири арҷгузорӣ ба муборизи роҳи озодӣ, намоди шуҷоату ҷавонмардӣ, улгӯи фарзонамардӣ, Тоҷики асилзода, қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд хиёбоне номгузорӣ гардад ва ҳамчун рамзи шуҷоату шарафмандию ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ муҷассамааш гузошта шавад: “Фаразан кӯчаи Чапаев, муҷассамааш дар ҷойи нимпайкараи чекист – Дзержинский”.
Ҷаноби Абдуқаҳҳор гуфтааст, аз ҳамдилону ҳамфикрон хоҳишмандам, бо ишораи “лайк” пешниҳодро дастгирӣ намоянд ва ваъда кардааст, дар сурати 5 000 ҷонибдор ёфтан, расман ба шаҳрдори Душанбе муроҷиат хоҳанд кард. Давоми ду соати нашри ин дархост дар Фейсбук зери он 135 нафар “лайк” гузоштаанд.
17 ноябри соли 2014 Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад. Шоҳрух Каримов, ки ба дафтари “Озодагон” омада буд, далели ин пешниҳодашро ба нақши беандоза доштани Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон, арзёбӣ намуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки ба ҳайси хабарнигор меҳмони ӯ буданд, кушта шуд. Онҳо маводи мунфаҷираро дар дастгоҳи наворбардорӣ насб карда, аснои дар рӯбарӯи дурбин нишастани Аҳмадшоҳ онро тарконданд. Баъди марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд.
Ҳоло дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон маркази ҷарроҳии шахсие номи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз тоҷикони номовари Афғонистонро дорад.