Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ҳавзу дарёҳои ноҳияи Дорогомиловскаяи Маскав дар давоми 2 ҳафта узвҳои алоҳидаи бадани инсон дарёфт гардиданд. Тафтишот шахсияти ин нафарро Иля Егоров муайян намуда, бар асоси ин Николай Шадрини одамхӯр (маняк) дастгир карда шудааст. Дар хонаи Николай Шадрин олотҳои қатли Иля Егоров ва як пора ҷигари ӯ дарёфт гардиданд. Ҳамчунин Николай Шадрин ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуда гуфтааст, пораи ҷигари шиносашро бирён карда хӯрдааст. Бино ба маълумоти пулис Николай Шадрин дар қайди дармонгоҳи бемориҳои асаб будааст.