Шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дигар дар Русия лозим намешавад?
Шурӯъ аз имрӯз, 1 июн муҳоҷирони тоҷик бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон ҳаққи мусофиркашонӣ дар Русияро надоранд.
Бар асоси тағиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ” муҳоҷироне, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро надоранд, аз ҳаққи идораи автобус, боркаш ва таксиҳо маҳрум мешаванд. Дар ғайри сурат онҳоро барои “ронандагӣ бидуни шаҳодатнома” муҷозот мекунанд.
Ба омори кумитаи Думаи давлатӣ оид ба нақлиёт сар аз имрӯз беш аз 70 ҳазор ронанда, ки қаблан бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ фаъолият доштанд, аз ҳаққи рондани мошинҳои хидматӣ маҳрум гардиданд.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Челябинск гуфтааст, дар ҳудуди вилоят 846 шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳодатномаи ронандагии кишварҳои худ ба мусофиркашонӣ машғуланд: “Бештари онҳо шаҳрвандони Қирғизистонанд, боқимонда тоҷикону қазоқҳо”.
Дар вилояти Новосибирск бошад, 105 ронанда бо шаҳодатномаҳои хориҷӣ сабт шудааст. Дар вилояти Свердловск ин рақам беш аз 900 будааст ва танҳо 40 дарсади онҳо шаҳодатномаи ронандагии Русияро гирифтаанд: “Аммо дар Қазон аз 554 ронандаи хориҷӣ 90 дарсад соҳиби шаҳодатномаи ронандагии русӣ ҳастанд”,-навиштааст торнамои "Лада онлайн".
Акс аз торнамои Коммерсантъ