Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон беш аз 11-ҳазор замини корам мавҷуд аст, ки дар аксари ин заминҳо ғалла мекаоранд.
Тибқӣ иттилои Сафаралӣ Зокиров, райиси ноҳияи мазкур имсол бо сабаби барвақт омадани сармо ва боридани барфу борони зиёд кишоварзон натавонистаанд, шудгор ва кишти ғалладонаро мувофиқи мақсад ба анҷом расонанд.Зокиров мегӯяд, дар асоси нақша мебоист то моҳи декабр беш аз 6-ҳазор гектар майдони киштро ба анҷом мерасонидем. Вале бо айби намии зиёд ва лой дар заминҳо, тракторҳо натавонистанд, ба майдон дароянд. Гузашта аз ин, ба қавли райис дар ҳудуди ноҳия ҳатто як трактори тасмачарх набудааст, то дар заминҳо корҳои шудгоркунӣ гузаронад. «Дар бисёр маврид, тракторчиёни ноҳияи Шӯрообод барои кӯмак дар мавсими кишт ба Мӯъминобод омада, шудгор мекунанд».
Ба гуфтаи манбаъ, то рӯзи 15-уми декабр тақрибан 50-фисад корҳои шудгоркунӣ ва кишти ғалладона дар заминҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки тақрибан 10-фисади кишт дар ҳудуди ноҳия ба анҷом нарасидааст. Ҳатто заминҳои ҳамроҳи роҳи нақлиётгард, ки дар аксари маврид масъулин барои худнишондиҳӣ аввал ин мавзеъҳоро шудгору кишт мекарданд, низ ягон гектараш кишт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки 100-ҳо гектар замини кишти ноҳия дар мавзеъҳои ба истилоҳ таҳдашт қарор доранд.