Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони “Alvarez&Marsal” вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”-ро баррасӣ кардааст
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” дар Душанбе мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, дар дидори Николай Кузнетсов, директори “Alvarez&Marsal”, ки 30 май баргузор шуд, Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ ҳузур дошт. Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот дар доираи ёрии фаннии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” сурат гирифтааст: “Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи феълии низоми бонкӣ дар кишвар, аз ҷумла ҳолати молиявии ду бонки низомсоз ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, сифати сандуқи қарзӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо, шабакаи филиалҳо, вазъи таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ ибрози назар намуданд”.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ меафзояд, Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкати “Alvarez&Marsal” ҷиҳати таҳия намудани нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки аз ҷониби мутахассисони “Alvarez&Marsal” барои солимгардонии бонкҳои номбурда модели нав ва муносиб таҳия ва пешниҳод мегардад.
"Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" дар гузашта ба мушкили молӣ гирифтор шуданд ва Бонки миллӣ барои чанд муддат ба ин ду ниҳоди молӣ раҳбари муваққат таъин намуд. Ҳоло низ вазъи ин бонкҳо хуб нест ва муштариёнашон шикоят мекунанд, наметавонанд пасандозҳои худро бозпас бигиранд.