Вазир ба милисаҳои оянда: Дарди дили мардумро ҳис кунед
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз донишҷӯёни Академияи вазорат даъват намудааст, ҳам дар таъмини амнияти ҷомеа ва ҳам дар донишомӯзӣ намунаи ибрат бошанд.
Ин даъвати Раҳимзода имрӯз, 30 май дар мулоқот бо муҳасилини Академияи ВКД садо додааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, мулоқоти вазир дар доираи эълони “Соли ҷавонон” баргузор шуда, Раҳимзода бо курсантҳои Академия оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарси омӯзишӣ гузаронидааст.
Оқои Раҳимзода дар идома ба донишҷӯён гуфтааст, зимни омӯзиши фанҳои таълимӣ ба Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ рафта, тарзи қабули арзу шикояти шаҳрвандон, аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса ва муоширату муносибат бо мардумро омӯзанд. “Инҳо элементҳои аввалиндараҷае ҳастанд, ки шумо бояд донед ва дар фаъолияти ояндаи худ самаранок истифода баред. Бояд ҳамарӯза аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир ба воситаи интернет ва васоити ахбори омма огаҳӣ пайдо намоед. Дарди дили мардумро ҳис кунед ва дар оянда як мутахассиси хуб шавед”,-таъкид намудааст вазир.
Ба таъкиди Рамазон Раҳимзода, 90%-и ҷиноятҳо ба воситаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор гардида, бисёр ҳолатҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар нисбати ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гузаронида мешаванд.