Кори нав-далели барканории А.Асадулло аз мақоми раиси Қӯрғонтеппа
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Амируллои Асадуллоро аз мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барканор кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилзода раиси нави шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардид. Исмоилзода то ҳол ба ҳайси раиси ноҳияи Шаҳритус фаъолият мекардааст.
Сабаби барканории Амируллои Асадулло, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, “гузаштан ба кори дигар” арзёбӣ шудааст. Аммо то ҳол мақоми нави Амируллои Асадулло маълум нест. Ӯ моҳи феврали соли 2014 ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуда буд. То омаданаш ба ин мақом дар вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ фаъолият мекард.