Президент: Барои санҷиши авзои хидматӣ писарамро ба сарбозӣ фиристодам
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, писарашро ба артиш фиристод, то вазъи қувваҳои мусаллаҳро “аз дасти аввал” бишнавад.
Отамбоев аснои суханронӣ дар маросиме бахшида ба 25—солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон гуфтааст, "барои санҷиши авзои хидматӣ ва артиш, ман писарамро ба сарбозӣ фиристодам. Ӯ хидмат мекунад ва ман ҳамаашро аз дасти аввал мешунавам”.
“Sputnik Қирғизстон” мегӯяд, раисҷумҳур таъкид намуда, ки дар пайи ислоҳоти ҳарбӣ эътибори Қувваҳои мусаллаҳ баланд шуда, теъдоди хоҳишмандон афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Алмосбек Отамбоев, вақтҳои ахир шарикони байналмилалии Қирғизистон ба Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар баҳои баланд медиҳанд.