Унвони “Супермодел”-и ҷаҳон насиби бонуе аз Муғулистон шуд
Алонгоо Тунгалагтамир, шаҳрванди Муғулистон тоҷ ва шоҳҷоизаи озмуни “World Supermodel 2017”-ро ба худ ихтисос додааст.
Ин озмун аз 21 то 28 май дар Макао баргузор шуд ва бино ба иттилои торнамои ARD, Тунгалагтамир шоҳҷоизаро дар бахши моделҳои наврас ба даст овард. Соли сипаришуда намояндаи дигари Муғулистон -- Т.Шинэтуя тоҷ ва унвони “World Teen Supermodel 2016”-ро дар бахши бузургсолон соҳиб шуда буд. Бар асоси муқаррароти озмун, Шинэтуя тоҷи имсоларо бар сари ҳамватани худ гузошт.
Имсол дар бахши бузургсолон ҷоиза насиби Белинд Шрёдер аз Африқои Ҷанубӣ гардид.
Озмуни "World Supermodel" соли даҳум аст, ки баргузор мешавад.