Ҳалокати модару писари 5-солааш дар саҳрои ноҳияи Панҷ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги модару кӯдак дар саҳрои ноҳияи Панҷ хабар дод.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 26-уми майи соли 2017, тахминан соати 07:05-дақиқа, зани 39-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо писари 5-солааш аз хонаашон баромада, ба саҳро барои овардани чорвоҳояшон рафтаанд: “Аммо роҳро гум карда, ду шабонарӯз бедарак шудаанд”.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи кофтукоб аз мавзеъи Селдараи ҷамоати деҳоти Нури-Ваҳдати ноҳияи Панҷ модар дар ҳолати вазнин ва ҷасади писарчаи хурдсолаш дарёфт карда шуд: “Аммо дар роҳ ба беморхона зан низ ба ҳалокат расидааст”.