Имзои як қатор қонунҳо аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми май як қатор қонунҳо ва Кодекси тандурустии Тоҷикистонро имзо кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти тиббии давлативу хусусӣ, намуд ва шаклҳои кумаки тиббӣ, тарбияи кадрҳо дар соҳа, таъмини модару кудак бо кумаки тиббӣ, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, маблағгузории соҳа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва паҳлуҳои дигари соҳаро танзим мекунад.
Манбаъ афзуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», ки аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, муносибатҳоро вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимоя ва рушди рақобат, фаъолияти самарбахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озодӣ иқтисодӣ муайян менамояд.
Қонуни дигари имзошуда «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии кишвар равона гардидааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки қонунҳои ба имзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.