Гуфтугӯи ошкоро тавре интизор мерафт, аз ҳамойишҳои эътирозии майдони “Ботлоқ” -и Маскав шурӯъ гардид ва аммо Путин аз он истиқбол карда аз ҷумла гуфт, “шахсони ҷавон, аммо дорои ақидаву мавқеи ҷиддӣ, ки тавонистанд онро ба таври ихчам матраҳ намоянд. Агар ин ҳама натиҷаи “режими путинӣ” аст, пас ин хуб аст”.Сарвазири Русия дар мавриди тақаллубҳо зимни овоздиҳӣ ва баршумории орои мардум гуфт, аз ин ба баъд сари ҳар қуттии овоздиҳӣ дастгоҳи наворбардорӣ насб кардан лозим меояд.
Ҳамчунин, Владимир Путин бо маҳорати ба худ хос ва ҳазлҳои мантиқӣ тавонист бори дигар мардумро моили худ ва сиёсаташ гардонад. Ҷаноби ВВ дар қиболи лентаи сафеди “эътироз” -и тазоҳургарон гуфт, “ман хаёл кардам... маро бубахшед, ки ин маъракаи зидди СПИД аст ва онҳо рифолаҳоро ба синаҳои худ овезон кардаанд”.
Гуфтанист, зимни суолу ҷавоб унвонии Путин беш аз1,7 миллион пурсиш расида, аксари мардум на ба мавзӯи сиёсӣ, балки асосан ҳифзи иҷтимоӣ, манзиливу коммуналӣ, тандурустӣ, фасод, муносиботи беруна дахл карданд.
Аммо аксари саволҳо ба интихобот рабт доштанд, ки дар миёни барнома Путини ботамкинро аз худ бароварданд ва аз забони ӯ ғайриихтиёр “бо интихобот ба ҷонам задед” берун ҷаст.