Ҳалокати дипломати Фаронса дар куҳҳои Узбакистон
Як корманди Сафорати Фаронса дар Узбакистон дар куҳҳои назди Тошканд ба ҳалокат расидааст. Ӯ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам будааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сафорати Фаронса дар Узбакистон, ҳодиса 27 май замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки Франсис Делег бо параплан (як дастгоҳи парвозкунандаи бидуни муҳаррик) дар куҳҳои Чимгон парвоз мекард.
Франсис Делег дар мақоми раҳбари хадамоти амнияти минтақавӣ менишаст ва ҳамчунин масъули масоили Тоҷикистону Туркманистон буд.
Ба иттилои расонаҳо, ҷасади ӯ ҳанӯз дар пойтахти Узбакистон қарор дорад ва масъалаи интиқоли он ба Фаронса баррасӣ мешавад.