Комроншоҳ шомили сегонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуд
Комроншоҳи Устопиириён, паҳлавони тоҷик баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шомили сегонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон шуд.
Тибқи раддабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо, ки 29-уми май дар сомонааш нашр гардид, Устопириён бо 2160 хол миёни ҷудокорони вазнашон то 90 кило мақоми сеюмро гирифт.
Дар садри раддабандӣ Александр Куколоҷӣ, ҷудокори сербӣ бо 2580 хол ва дар пайи ӯ Аксел Клегертии фаронсавӣ бо 2400 хол қарор дорад.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҷудокорони вазнашон то 90 кило инчунин Донган Квак аз Кореяи Ҷанубӣ, Машу Бакер аз Ҷопон, Ҳунзао Ченг аз Чин, Ислом Бозбоев аз Қазоқистон, Кента Нагасава аз Ҷопон, Ҳусейн Холмурзоев аз Русия ва Кристиан Тот аз Венгрия ворид гардидаанд.
Устопириён, ки аз зинаи 7 ба мақоми 3-юми ин раддабандӣ пеш рафт, ахиран дар дар Ҳонконг дубора нишони тилло ва унвони қаҳрамони Осиёро ба даст овард.