Максим Шевченко дар бораи Афғонистон ва ДИИШ (ВИДЕО)
Максим Шевченко, журналист ва фаъоли ҷамъиятии Русия мегӯяд, мусалмонҳо метавонанд ба осонӣ бар гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” пирӯз шаванд.
Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо шабакаи “Доғистон лайф” мегӯяд, агар Ғарб террорҳояш алайҳи ҷаҳони Ислом дар Ховари Миёнаро қатъ намояд, мусалмонони пайрави мазҳабу равияҳои мухталиф ба роҳатӣ муттаҳид мешаванд ва ДИИШ-ро маҳв месозанд.
Шевченко дар ин мусоҳиба ба масъалаи Афғонистон низ дахл карда меафзод, дар сурати аз хоки Афғонистон берун шудани неруҳои хориҷӣ ҷанг дар ин кишвар хотима меёбад ва ин минтақа ба як нуқтаи сулҳи ҷаҳон табдил мешавад.