Мақомоти тоҷик: Роҳ ба Қирғизистон боз шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофеаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, роҳ ба Қирғизистон, ки 28-уми май дар пайи селфароӣ баста шуд, боз гардид.
Умеда Юсупова, сухангуи ин ниҳод, имрӯз, 29-уми май ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки соати 7:10-и рӯзи гузашта бар асари гармшавии ҳаво, кандашавии пирях ва баландшавии сатҳи оби дарёчаи Сугати ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳия Лахш, сел фаромада, 150-200 метр роҳи автомобилгарди шоҳроҳи Душанбе-Лахшро хароб ва маҷрои дарёи Сурхобро банд намуда буд.
Юсупова афзуд, баъди сар задани ин ҳодиса масъулин ба баратарф намудани зарари он шурӯъ намудаанд: “Талафоти ҷонӣ нест, ягон хона низ вайрон нашудааст, аллакай корҳои барқарорсозӣ ба охир расидаанд”.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита ҳоло сатҳи оби дарёчаи Сугат ба ҳолати пештарааш баргашта, маҷрои дарёи Сурхоб кушода шудааст.