Маврид ба ёдоварист, феълан вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад ва имрӯз дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок мекунад. Интизор меравад, ки роҳбарони ҳайатҳо ҷараёни амалисозии қарорҳои ҷаласаи декабрии (с. 2010) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва мувофиқаҳое, ки дар рафти вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои кишварҳои узви СААД дар Остона 12 августи соли 2011 ба даст омадаанд, баррасӣ хоҳанд намуд.