Комроншоҳи Устопириён дубора қаҳрамони Осиё шуд
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дар Ҳонгконг барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё гардид.
Дар даври финалӣ Устопириён дар вазни зери 90 кило варзишгари қазоқ Ислом Бозбоевро шикаст дод.
Паҳлавони тоҷик дар марҳилаи аввал варзишгари узбак Муҳаммадкарим Хуррамов ва дар даври дуюм Алдикан Ғанамро, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад, шикаст дод.
Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило аз варзишгари покистонӣ Ҳусейн Шоҳ шикаст хӯрда, бар Иван Ремаренко аз Аморати Муттаҳидаи Араб ғолиб омад ва ҳамакнун барои медали биринҷӣ бо варзишгари узбак Шералӣ Ҷӯраев қувваозмоӣ хоҳад кард.
Панҷ паҳлавони дигари тоҷик Суҳроб Боқиев (вазни 60 кило), Хушқадам Хусравов (66), Саидмухтор Расулов, Хоҷазода Беҳрӯз (73), Садр Боев (81) баъди шикаст дар даврҳои гуногун аз идомаи рақобат маҳрум шуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 242 варзишгар аз 28 давлат дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардон ва дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 миёни занон барои медалҳо рақобат мекунанд.