Президент гуфт, садақаро ба муллоҳо не, ба маъюбон диҳем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фарорасии моҳи шарифи Рамазонро барои мардуми кишвар шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки барои пайравони дини мубини Ислом, рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари даъват ба анҷоми амалҳои нек, таъкид намудааст, ки саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад. Ба гуфтаи раисиҷумҳур ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон садақаи фитрро яке аз василаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа хонд: “Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем”.
Раисиҷумҳур инчунин ба талош барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум даъват намудааст: “Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таманно кардааст, ки “бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад”.