Асорати қарзӣ дар Дубай: Танфурӯшӣ куну қарзро деҳ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, як зани 32-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт намудааст, ки дар ҷалби духтари ҷавони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Дубай гунаҳкор мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, гумонбаршуда, моҳи сентябри соли 2016 дар Хуҷанд бо зани 22-сола, сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, ӯро ба кор ба яке аз тарабхонаҳои шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб даъват намудааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда бо шарикаш бо номи Фотима барои духтари ҷавон раводид ва чипта дуруст карда, 2-юми ноябри соли 2016 ӯро ба шаҳри Дубай равон кардаанд: “Дар Дубай гумонбаршуда зани 22-соларо ба асорати қарзии 7000 доллари амрикоӣ гирифтор карда, маҷбуран ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб намудааст. Ӯ талаб кардааст, ки ҷавонзан бо роҳи танфурӯшӣ маблағҳои мазкурро ҷамъ намуда, баргардонад”.
Вазорати умури дохиллӣ афзуд, вобаста ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса давом дорад.
Ҳафтаи равон мақомот аз боздошти зани 24-солаи ноҳияи Зафаробод хабар доданд, ки сокини 27-солаи ноҳияи Бӯстонро бо баҳонаи кор дар Туркия ба танфурушӣ ҷалб карда буд. Дар гузашта низ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз даҳҳо ҳолати боздошти чунин афрод хабар додаанд, ки дар бештари маврид занону духтарони тоҷикро бо роҳи фиреб ба Дубай бурда, ба танфурӯши маҷбур мекунанд.