Пешниҳоди генерал барои ҷалби тоҷирон ба коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)
Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар Мексико масъалаи коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва техногениро баррасӣ кард.
Назарзода, зимни ин ҳамоиш, ки аз 22 то 26-уми май идома дошт, аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон зикр намуда, барои коҳиши хатари офатҳо кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории бештар даъват намуд. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки Тоҷикистон стратегияи нави миллии коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2017-2030-ро қабул намудааст.
Генерал Назарзода аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баромад намуда, изҳор дошт, ки кишварҳои минтақа аз селу обхезӣ, заминҷунбӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиию техногенӣ осебпазиранд. Ӯ барои кам кардани хатари офатҳо, кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, табодули иттилоъ барои истифодаи технологияи нав ва таҳияи сиёсат барои ҷалби ширкатҳои байналмилалию бахши тиҷориро зарур хонд.