Фоҷеа баъди истироҳат: Ҷасади ду узви дигари як оиларо пайдо карданд
Ҷасади ду узви дигари як хонавода, ки 21-уми май бо мошинашон аз болои пули истироҳатгоҳ дар Варзоб ба дарё сарозер шуданд, дарёфт карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҷасадҳои марди 34-сола ва писарбачаи 7-сола, сокинони шаҳри Душанбе 24-уми май аз дарёи Варзоб пайдо карда шуданд.
Манбаъ зикр кард, ки садамаи фоҷеабор 21-уми майи соли 2017, тахминан соати 17:00 рух дода буд: “Мошини “ДЭУ Ланос”, таҳти идораи зани 32-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми аз истироҳатгоҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа баромадан аз болои пули мошингузари истироҳатгоҳи мазкур ба дарёи Варзоб чаппа шуда буд. Дар натиҷа, ҷасади ронанда дарёфт гардида, писарбачаи 10-солааш аз дохили дарё наҷот дода шуда буд”.