Қарори Р.Эмомалӣ барои амалиёти 6-моҳа алайҳи нашъа
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 30 ноябри соли равон амалиёт алайҳи маводи мухаддир гузаронда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Раёсатҳои Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе якҷоя бо Ситоди шаҳрӣ гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои муоинаи заминҳо дар пойтахт таъсис диҳанд: “Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2017» на камтар аз як маротиба дар се моҳ ҷаласаҳо гузаронида, ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, хариду фурӯши ғайри-қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоту содироти онҳо диққати махсус диҳад”.
Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои шаҳрӣ ва аҳли ҷамоатчигиро муваззаф намудааст, ки бо мақомот ҳамкорӣ кунанд. Тибқи қарори шаҳрдорӣ Ситод бояд аз натиҷаи фаъолияташ дар давраи якум то 10 сентябр ва дар давраи дуюм то 10 декабри соли 2017 ба раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовар гузориш ирсол намояд.