Табиб: Киҳо бояд рӯза нагиранд?
Шоимгул Сабурова, табиби Маркази саломатии шаҳрӣ тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” гуруҳи афродеро номбар кардааст, ки барояшон аз нуқтаи назари ин табиб гирифтани рӯза мамнуъ мебошад.
Сабурова гуфтааст, нафарони мубталои бемориҳои фишорбаландӣ, бемории меъда, қанд ва дигар бемориҳое, ки истеъмоли саривақтии хӯрок ва обро талаб мекунад, набояд рӯза гиранд: “Нафароне, ки бемории фарбеҳӣ ё дарди гурда доранд, гоҳо ба вазъи саломатиашон нигоҳ накарда, рӯза мегиранд. Чунин нафарон ҳангоми гирифтани рӯза бояд аз тавсияи духтурон истифода намуда, тибқи он рафтор кунанд”.
Табиб тавсия додааст, ки шахсони рӯзадор бештар дар ҷойҳои салқин кор кунанд: “Ҳангоми дар корхона будан бояд онро салқин нигоҳ дошт. Бояд саҳаргоҳон то тулӯи офтоб ва бегоҳ ҳангоми ғуруби офтоб дар кӯча гарданд. Вале ҳастанд нафароне, ки ҳарчанд танашон сиҳат бошад ҳам, муддати зиёд ташна гашта наметавонанд, аз ҳамин сабаб чунин нафарон набояд рӯза гиранд”.
Ба таъкиди табиб, шахсоне, ки рӯза мегиранд, бояд ҳангоми саҳархӯрӣ ва вақти ифтор хӯрокро бо меъёр истеъмол кунанд, зеро якбора хӯрдани якчанд намуд хӯрок ба саломатии инсон хавфи зиёд дорад.
Ҳамчунин Шоимгул Сабурова илова намудааст, ки «бегоҳ ҳангоми ифтор шахси рӯзадор бояд ҳатман аз меваҳои тоза истеъмол намояд. Инчунин барои бо об таъмин намудани бадан ҳатман аз шарбати меваҳо истифода бояд бурд. Вале ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад. Ва ҳатман шахс зимни рӯзакушоӣ бояд аввал хӯрокҳои якум истеъмол кунад».
Бино ба тавсияи табиб, шахс дар вақти рӯзагирӣ набояд пурхӯрӣ кунад ва хӯрокҳои равғанӣ ва сахтро шаб истеъмол намояд, зеро он ба кори меъда душворӣ оварда, шахсро нороҳат месозад: “Хангоми бад шудани ҳолати шахси рӯзадор вай бояд ҳатман об ва хӯрок истеъмол карда, зуд ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд. Зеро дар фасли гармо ҳамаи бемориҳо метавонанд хуруҷ карда, вазъи саломатии шахсро бадтар созанд. Шахсе ки ба саломатии худ боварии комил надорад, набояд таваккалӣ рӯза гирифта, саломатии худро зери хатар гузорад”.