Масъулини “Нигоҳи нав”: 15 ҳазор сомонӣ қарздор шудем...
Созмондиҳандаҳои Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии ҷавонон -- “Нигоҳи нав” мегӯянд, 15 ҳазор сомонӣ бидеҳкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, бояд ин маболиғро то моҳи июн пардохт кунанд, аммо намедонанд ин қадар пулро аз куҷо меёбанд.
Масъулини ҷашнвора далели қарздориашонро “даст кашидан аз ҳамкории яке аз сарпарастони лоиҳа ва ба қадри зарурӣ кумак карда натавонистани шарики дигарашон дар пайи нофаҳмоиҳои тарафайн” унвон мекунанд: “Мо маҷбур шудем маблағҳои мавҷудбударо аз ҳисоби дигар бахшҳо ба самтҳои зарардида равона кунем. Ҳоло бояд то оғози моҳи июн қарзҳоямонро пардохт кунем, аммо аз куҷо ва чӣ гуна, бароямон муаммобарангез аст”.
Онҳо меафзоянд, аз ҳама дӯстону наздикон ёрӣ хостанд, аммо дар замони буҳронӣ касе имкони кумакро надорад: “Ҳамагӣ як роҳ мондаст, ки аз кадом бонке қарз гирему баъдан бо даст додани имконият моҳона онро пардохт кунем”.
Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо созмондиҳандаҳо аз сатҳу сифати ҷашнвораи имсол розӣ ҳастанд ва меафзоянд, меҳмонон ҳам аз Тоҷикистон розӣ рафтанд. Шашумин Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” имсол аз 16 то 20 май баргузор шуд. Имсол он ба 100-солагии ҳунарманди тавоно Мушарафа Қосимова бо иштироки намояндаҳои Эрон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Бар аоси муқаррароти ҷашнвора дар он танҳо намоишҳои бо сабку услуби нави театрӣ аз тарафи коргардонҳои зери 35 сола таҳияшуда намоиш дода мешавад. Ҳайати доварон аз ин қабил буд: Коргардон Ирода Саййа (Озарбойҷон), ҳунарманд Олга Коржева (Қазоқистон), коргардон-драматург Али Обидӣ (Эрон) коргардон Қурбон Собир (Тоҷикистон).
Ҳакамон Ҷоизаи беҳтарин нақши лаҳзавиро ба Ёсамин Раҳмонӣ аз намоишномаи “Хунмурдагӣ”-и Ҷумҳурии исломии Эрон доданд. Намоишномаи “Наход ман набошам...”-и Тоҷикистон ҷоизаҳои беҳтарин нақши мардона Бежан Давлатов ва коргардони беҳтарин Тереза Заурбековаро сазовор шуд. Ҷоизаҳои таваҷҷуҳи тамошобин, беҳтарин нақши занона ва ШОҲҶОИЗА-ро намоишномаи яккаактёрии “Орзуи Наташа” аз Федератсияи Русия бо худ бурд. Ба намоишномаҳои кишвари Қазоқистон ва Қирғизистон ҷоизаҳои махсуси доварон эҳдо гардид.
Гуруҳи тадорукоти ҷашнвораи “Нигоҳи нав” мегӯяд, давоми 5 рӯзи ҷашнвора ҳайати 45 нафараи меҳмонон ва иштирокчиёнро бо ҷойи хоб, роҳкиро ва се вақт хӯрок таъмин намуданд. Баргузор намудани вохӯриҳо, мизи мудаввар, маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи Лучоб, ба ҷойҳои таърихӣ ва зебои кишвар, қалъаи Ҳисор, дараи Варзоб ва шаҳри Норак бурдани меҳмонон ҷузъе аз ҷашнвора гардид: “Ҳамаи меҳмонҳо бо дили шод ва эҳсосоти аҷиб аз кишвари мо берун рафтанд. Далелаш то имрӯз дар саҳфаҳои иҷтимоиҳояшон акс гузошта ба мардуми Тоҷикистон ташаккур мегӯянд”.
Гуруҳи тадорукот мегӯяд, нигоҳ накарда ба ҳамаи проблемаҳо аз кори худ шоданд: “Моро зарур буд аз 8 кишвари хориҷ гурӯҳҳои иштирокчиро биёрем аммо ба 5 кишвари иштирокчӣ ва як кишвари довар муваффақ шудем, ки таърихи 10 солаи охири театр шоҳиди он нашудааст. Инҷо, дар ин Ватан, дар соли ҷавонон баргузор шудани ҷашнвораи театрӣ ки ҳаммаи иштирокчиён ва бинандагонаш аксар ҷавононанд фоли нек аст. Қарздори воқеан сахт аст аммо умедворем роҳи ҳаллашро пайдо кунем”.
Созмондиҳандаҳо умед доранд, ки бо кумаки афроди хайрхоҳ қарзҳояшонро пардохт мекунанд.