Рейди пулис: Кашфи беш аз 1 килло нос аз хонандаҳои мактаби миёна
Дар пайи як санҷиши кормандони мақомоти умури дохилӣ дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз хонандаҳои мактаб нос пайдо кардаанд.
Аз Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, ин рейд дар мактаби №3 асосан барои телефонҳои мобилӣ анҷом шуд, аммо зимни он аз хонандаҳо дар маҷмӯъ 1 килову 230 грамм нос ёфт гардид. Як масъули ин хадамот мегӯяд, ҳамааш аз он шурӯъ шуд, ки кормандон як хонандаи мактабро ҳангоми аз даҳон берун кардани нос дар саҳни мактаб дастгир намуданд.
Аммо Кибриё Гулмадова, мудири ин дабистон мегӯяд, бештари онҳое, ки аз ҷайбашон нос пайдо гардид, хонандаҳони ин мактаб нестанд. “Аз сабаби он ки мактаб дар мавқеи нодуруст ҷой дорад, афроди бегона дар гирду атроф зиёданд. Чанд бор аз ҳоҷатхонаи мактаб нашъамандонро дар ҳолати беҳушӣ ёфтем. Аксари чорбиниҳои калони шаҳр ҷиҳати омодагии пешакӣ, гузаронидани маршировка дар саҳни мактаби мо мегузарад ва аз ин рӯ онҷо мардуми зиёде ҷамъ мешаванд. Таъсири беруна ба хонандагони мо бештар аст, ки хоста-нохоста ба раванди таълим ва тарбияи хонандаҳо таъсири манфӣ мерасонад”,-афзуд ӯ.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Шамсиддини Шоҳин 1080 нафар таҳсил мекунад. Ба онҳо 71 омӯзгор дарс мегӯянд.
Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди ошкор шудани ин ҳолат дар мактабҳои дигари шаҳр низ рейдҳо барои пайдо кардани нос аз хонандаҳо гузаронида мешавад.