Аммо дар баробари ин Кудрин таъкид кардаст, ки чанд омили дигар аст, ки барои афзоиши нархи нафт мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ Кудрин муътақид аст, ки иқтисодиёти ҷаҳонро бадшавӣ, ки ба Русия ҳам таъсир мерасонад, интизор аст.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, таъсири бӯҳрон ба Русия дар Тоҷикистон ҳам эҳсос хоҳад шуд. Солҳои 2008- 2009 –умро мисол меоранд, ки дар паи бӯҳрон бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бекор монда, ҳаҷми интиқоли маблағ кам ва мувофиқан рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам суст гардида буд.
Масъулини блоки иқтисодии Тоҷикистон эътироф мекунанд, дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон тира аст. Аммо ба гуфтаи манбаъ, масъулини тоҷик пайваста вазъро мониторинг карда, вобаста ба вазъ дар доираи имкониятҳояшон чораандешӣ карда истодаанд.