Пеш аз Рамазон: Нарху наво дар бозорҳо чӣ гуна аст? (ИНФОГРАФИКА)
Мардуми Тоҷикистон чанд сол аст шикоят мекунанд, ки бархе тоҷирон дар остонаи моҳи Шарифи Рамазон ва идҳои Фитру Қурбон нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро боло мебардоранд. Имсол ҳам гуфта мешавад, аллакай арзиши бархе маҳсулот, аз ҷумла гӯшт боло рафтааст. Зимнан, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе 19 май зери қароре имзо гузошт, ки ҳадафи он “ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ба ин васила роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия” гуфта мешавад. Хабарнигори “Озодагон” се рӯз қабл аз расидани рӯзи аввали Рамазон ба ду бозори калони шаҳри Душанбе – “Шоҳмансур” ва “Саховат” рафт ва нархи бархе маҳсулоти заруриро пурсид. Мо талош мекунем, ҳафтае як маротиба, то поёни моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти дар зер овардаро дар ин ду бозор пешниҳод намоем.