Сулаймонзода сохтакорӣ будани ташхиси “Био Папа”-ро рад кард
Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро беасос хондааст.
Султонзода дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ баён доштааст, ки гурӯҳи махсуси тафтишотӣ парвандаи кормандони боздоштшудаи ин ниҳодро таҳқиқ дорад. Раиси Оҷонсӣ инчунин афзудааст, ки пайдо кардани 35 миллион доллар аз хонаи модари Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раҳбари ин ниҳод, 1,3 миллион доллар ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии сардори пешини Раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродзода, халтаҳои пури пулу тилло ва сангҳои қиматбаҳо аз бункери муфаттиши калон Фирдавс Ниёзбадалов ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био-Папа"-и шаҳри Маскав дар парвандаи Зайд Саидовро асоси воқеӣ надоранд.
Раддияи Султонзода дар мавриди сохтакорӣ будани ташхиси озмоишгоҳи “Био Папа”-и Маскав дар ҳолест, ки қаблан сомонаи “Ахбор” аз қавли манобеяш навишт, ба зидди Фирӯз Холмуродзода, сардори собиқи раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо парвандаи нав кушодаанд. Ба навиштаи “Ахбор” Холмуродзода ба сохтани ҳуҷҷатҳо бардурӯғ дар парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов айбдор мешавад: Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли 2013, дар дохили ҳавопаймои "Сомон Эйр”, ки аз Франкфурти Олмон меомад, дастгир шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум карда, дар тобистони соли 2015 бо баргузории боз як мурофиаи дигари пушти дарҳои баста ҳукми ӯро ба 29 сол расонд.
22 сол аз ин 29 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов бо ҷурми таҷовуз ба номус буд. Моҳира Бобораҷабова, ки ҷабрдида муаррифӣ мешуд, ҳамчунин даъво карда буд, ки аз Зайд Саидов писар таваллуд кардааст.
Гурӯҳи тафтишотӣ, ки ба он Фирӯз Холмуродзода раҳбарӣ мекард, ба додгоҳ ҳамчун санади расмӣ натиҷаҳои ташхиси ДНК-и Зайд Саидов ва ин кӯдакро, ки дар ташхисгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Маскав анҷом шудааст, ироа кард. Бар асоси ин ҳуҷҷат, Зайд Саидов падари ин кӯдак хонда мешуд.
Аммо вакили мудофеи Зайд Саидов – Исҳоқ Табаров – ба Маскав, ба ин ташхисгоҳи "Био Папа” рафта, аз онҳо санади расмӣ овард, ки комилан мухолифи санади супурда тафтишот буд. Дар санади асли "Био Папа” эҳтимоли падари хунии кӯдаки Моҳира Бобораҷабова будани Зайд Саидов баробари сифр дониста шудааст.
“Ахбор” навиштааст, бо вуҷуди ошкор шудани ин мавриди сохтакории ҳуҷҷатҳо дар соли 2013, то кунун касе барои он ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.