Amnesty International: Ҳомиёни ҳуқуқ ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои касбӣ бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд
Amnesty International ё Созмони афви байналмилал мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон вакилони мудофеъ, ба вижа онҳоеро, ки интиқодгарони ҳукуматро ҳимоят мекунанд, сахт саркӯб менамояд.
Ин созмон 24 май бо нашри як гузориш гуфт, "таъқиб ва боздошти вакилони дифоъ дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар ин кишвар ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои касбияшон бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд".
Дар ин гузориш омадааст, Ҳукумати Тоҷикистон тақрибан зидди тамоми дигарандешон аз чораҳои шадид кор гирифта, онҳоеро, ки бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24" пайвандӣ доранд ё ба он гумонбаранд, таъқиб мекунад. "Бештари вакилони мудофеъ, ки аз мухолифони сиёсӣ ҳимоят карданд, таъқибу боздошт ва ё солҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд. Бархеашон аз тарси таҳдид ба худу аҳли хонаводаи хеш иҷборан Тоҷикистонро тарк карданд",-таъкид шудааст дар изҳороти Amnesty International.
Муаллифони гузориш мегӯянд, вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёрову Нуриддин Маҳкамов аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекарданд, ки моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти он мамнуъ эълон шуд. Ҳоло ин ду нафар бо айбҳои марбут ба терроризм дар зиндон буда, тақрибан имкони дидор бо наздикону пайвандони худро надоранд.