Нигаронии сокинони Ишкошими Бадахшон аз афзоиши уштурдуздӣ
Сокинони рустои Исори ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дуздида шудани уштурҳояшон нигарон кардааст. Давоми як моҳи ахир аз ин деҳа дасти кам 9 уштурро рабудаанд.
Аз 8 уштури Валер Саидбеков, сокини деҳаи Исор чортои онро дуздидаанд. Саидбеков имрӯз, 24 май дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса як моҳ қабл иттифоқ афтод ва ҳанӯз уштурҳояшро пайдо накардаанд: “Ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кардем. Ваъда доданд, ки дуздҳоро пайдо мекунанд, аммо ҳанӯз ҳеч хабаре нест”.
Ӯ мегӯяд, уштурҳо мероси бобояш ҳастанд ва тавассути онҳо бори зиндагиашонро осон мекунанд: “Бо ин ҷонварон ҳар гуна борҳоро мекашонем”.
Деҳаи Исори Ишкошим бо давлати Афғонистон ҳаммарз мебошад, аммо Валер Саидбеков бовар надорад, ки уштурҳояшро сокинони ун тарафи марз рабуда бошанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар гузашта ҳеч як чунин ҳолат рух надода будааст.
Дар ҳамин ҳол, Маҷнун Абдуласанов, сокини дигари деҳаи Исор мегӯяд, аз 5 уштури бедаракшудааш, аз ҳудуди ноҳия сари буридаи 3-тои онро пайдо кардааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, як уштурро бар ивази 40 гӯсфанд харида буд. Ҷаноби Абдуласанов ҳам афзуд, мақомоти пулис ҳеч иттилоеро дар мавриди дуздон дар ихтиёри онҳо нагузоштааст.
Сокинони Исор мегӯянд, ин бори аввал аст, ки деҳаи онҳо шоҳиди уштурдуздӣ ва он ҳам ба миқдори зиёд мешавад.