Э.Раҳмон таркиш дар Манчестерро даҳшатангез хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми тасаллият ба Тереза Май, сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, аз таркиш дар толори консерти шаҳри Манчестер изҳори андуҳ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Тереза Май омадааст, “хабари мудҳиши ба ҳалокат расидани даҳҳо ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон дар шаҳри Манчестер бар асари таркиши даҳшатангез боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Мавҷи бесобиқаи амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд. Ҳамдардиву тасаллияти хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Таркиш дар толори консерти шаҳри Манчестерро эҳтимолан маргталаб анҷом додааст. Бино бар хулосаи пешакии пулис, маргталаб дар танҳоӣ ин корро анҷом додааст. Дар натиҷа 22 одам кушта, 59 тани дигар захмӣ шуданд. Миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Таркиш шаби 22 май - билофосила баъди анҷоми сурудхонии ситораи попи амрикоӣ Ариана Гранде рух дод. Анбуҳи мухлисонро ҳарос фаро гирифт.
Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ба наздикони қурбоншудаҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Дар робита ба ин фоҷиа ҳизби муҳофизакори Мэй ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ маъракаи таблиғи интихоботиро қатъ карданд.