Юлдуз Усмонова: Худованд ваъда додааст, агар як дар баста шуд, ҳатман дари дигар боз мешавад (ВИДЕО)
Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбекистон мегӯяд, тоҷикону узбекҳо дорои як фарҳангу як дин буда, дар ҳама ҳолат паҳлӯи ҳам қарор доштанд.
Ӯ имрӯз, 23 май дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон роҳҳоро боз кард, то ҳунармандон тавонанд бидуни мамоният ба кишварҳои якдигар сафар намоянд. Ӯ дар идома афзуд, дар ҳар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ мешавад: “Дар ин набояд як нафарро гунаҳкор кард. Мушкил дар мову шумо низ ҳаст. Мо якдигарро ғайбат мекунем, бад мекунем ва роҳҳоро мебандем. Сипос ба президент, ки ин вазъро дид ва дарк кард, ки бояд роҳро боз намуд”.
Хонум Усмонова дар бораи мушкили худаш дар чанд соли қабл ҳам ишора намуд ва гуфт, ҳоло бо дахолати раисҷумҳур мушкилиҳо бартараф шудаанд. Вай таъкид намуд, Худованд ваъда додааст, ки агар як дар баста шавад, ҳатман дари дигар боз мешавад: “Ман ҳеч касро дар ин гунаҳкор намекунам ва шукр мегӯям, ки бар ин мушкил ғолиб омадам. Ҳаводорон ҳамеша бо ман буданд”.
Ба гуфти ӯ, замоне ки маҳдудиятҳо буданд, ором нанишаст, балки дар Туркия ва Амрико барномаҳои ҳунарӣ иҷро кард.
Дар бораи ҳаводоронаш дар Тоҷикистон изҳор дошт: “Шунавандаи тоҷик бароям нав нест, зеро замони Шӯравӣ ҳамасола барномаи ҳунарӣ доштам. Чанд соле ки наомадам, гуноҳи ман набуд. Ҳоло ҳамаи роҳҳо боз шуда истодаанд”.
Юлдуз Усмонова даҳҳо таронаи тоҷикӣ иҷро кардааст. Чанд сол қабл ҳатто як маҷмуаи таронаҳояш бо забони тоҷикиро вориди бозор карда буд. “Ман забони тоҷикиро қисман мефаҳмам, вале гап намезанам. Метарсам, ки мабодо ғалат накунам. Забони форсиро сад дарсад надонам ҳам, аммо ин забонро дӯст медорам, зеро мисли забони фаронсавӣ зебо ва сабук аст. Ин забонро меомӯзам ва бо он минбаъд низ суруд мехонам”,-илова намуд вай.
Нишасти хабарии Юлдуз Усмонова дар радиои "Азия Плюс" баргузор шуд. Барномаи ҳунарии ӯ бо номи "Бозгашти ошно" фардо, 24 май дар Амфитеатри Душанбе доир мегардад.