Қасди шаҳрванди Қирғизистон барои рафтан ба Сурия бо шиносномаи тоҷикӣ
Мақомоти Туркия як шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми талоши убури ғайриқонунии марз ва пайвастан ба сафи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” боздошт кардааст.
Торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, боздошти Қобилҷон Уғли Хусанбой рӯзи 12 майи соли равон сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда бо истифода аз шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон -- Ҳидоятулло Ғаюров мехостааст, ба Сурия биравад. Манбаъ меафзояд, ӯ “бо хатсайри Истанбул–Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд”.
Ба иттилои торнамо, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки Қобилҷон Уғли Хусанбой соли 1994 дар шаҳри Узгени вилояти Ош таваллуд шуда, миллаташ узбак мебошад: “Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад”.