Муноқишаи маргбори ҷавонон дар Темурмалик
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисфирӯзи 22-юми май дар пайи муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Темурмалик як нафарашон ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои ин ниҳод тахминан соати 14:00-дақиқа дар кӯчаи И.Шариф миёни ҷавони 22-сола ва марди 29-сола муноқиша рух додааст: “Зимни муноқиша марди 29-сола бо корди дар дасташ буда, як бор ба қафаси сина ва як зарба ба миёни марди 22-сола задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, муттаҳам, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, феълан дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.