ВКД Русия: Шаҳрванди Тоҷикистонро то 12 соли ҳабс интизор аст
Кормандони Интерпол дар ҳамдастӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дастгиршуда аз сӯи мақомоти тоҷик дар қаллобӣ муттаҳам шуда ва дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯро аз манзили зисташ дар вилояти Свердлов боздошт кардаанд ва ҳоло дар зиндони № 1-и Екатеринбург қарор дорад. Вай соли 2015 шарикони тиҷориашро дар Тоҷикистон фиреб додааст: “Ваъда додааст, ки ба қаламрави Екатеринбург 37,5 тон хурмо ворид месозад, аммо уҳдадорияшро иҷро накарда, 35 ҳазор доллар маблағи фурӯши хурморо аз худ кардааст”.
Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми тафтишот ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд: “Муттаҳамро дар Ватан 12 соли зиндон бо мусодираи амвол таҳдид мекунад”.